10 адад мошини пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Душанбе, 29.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, намояндагони мақомоти иҷроия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия семинари омӯзишӣ оид ба техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар семинар иштирокчиён оид ба фаъолияти мошинаи пахтачинии 4- қатораи тамғаи ХНП-2,4 истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус, ки аз ҷониби КВД «Мадад» ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, суҳбат намуданд.
Мошинаи пахтачинии ХНП-2,4 аввалин техникае мебошад, ки бо дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ сохта, ба хоҷагии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ ворид карда шуд. Он аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Соли равон аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай-Хатлон-Сен Селю» 10 адад мошинаи пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90» истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст






