10 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави Русияро гирифтанд
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия ба 10 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз тарафи мақомоти интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои ин кишвар маҷбуран то 3 сол берун карда шуда буданд, иҷозаи вуруди дубора дод.
Тавре Дустмурод Умбаров, сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ иброз дошт, аз аввали сол то имрўз шумораи шаҳрвандони мамлакат, ки иҷозаи вуруди дубора ба Русияро гирифтаанд, ба 225 нафар расид.
Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия гурӯҳи экспертӣ оид ба 5 категория барои гирифтани иҷозати д бора ба ин кишвар фаъолият дорад.
Тибқи маълумоти Гурўҳи экспертӣ дар ду соли охир қариб зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандони дорои якҷояшавии оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона, инчунин 380 нафар донишҷӯёни кишварамон, ки дар донишгоҳҳои олии ФР таҳсил менамуданд, аз тарафи мақомоти интизомии Русия бинобар вайрон намудани қонунҳои будубош аз қаламрави ин кишвар маҷбуран берун карда шуда буданд, аз ҷониби гурӯҳи экспертӣ ба онҳо иҷозаи дубора дода шуд. Айни замон ҳамаи онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвари Русия фаъолият доранд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






