14 октябр- Рӯзи соҳибкорон. «Симурғ», «Ватан», «Ҳушанг»- дастоварди соҳибкори муваффақ

Октябрь 13, 2016 16:41

Сирри соҳибкори муваффақ дар чист?

     Душанбе, 13.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани 14 октябр  Рӯзи соҳибкорон башоратест аз  ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат нисбат ба рушди соҳибкорӣ ва соҳибкорони ватанӣ»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Комил Холиқов,  директори тиҷоратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсенна». Мавсуф афзуд, ки маҳз бо шарофати ғамхорию таваҷҷуҳи  Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон, ки яке аз бахшҳои фаъол ва пешбарандаи рушди иқтисоди миллианд , соҳиби иди касбӣ гардиданд. Ва ҳамасола дар рӯзи таҷлили иди касбии соҳибкорон Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва тиҷоратӣ  вохӯрию мулоқот анҷом дода, доир ба  рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон машварату пешниҳодҳои судманд медиҳанд. Ин иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо-соҳибкорони ватаниро нисбат ба пешаи  ихтиёрнамудаамон  дилгарму рӯҳбаланд  сохта,  водор менамояд, ки беш аз ҳарвақта дар рушди иқтисоди кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва некуаҳволии ҷомеа саҳми шоиста гузорем.

mulokot-bo-sohibkoron

Фаъолияти худро дар партави сиёсати иқтисодии Пешвои миллат ба роҳ мондаем

 АМИТ «Ховар»:  Комил Холиқов, ширкати  «Авитсенна» самти фаъолияти худро бештар ба кадом бахшҳои иқтисод нигаронидааст?

    

????????????????????????????????????

Комил Холиқов: Ширкати «Авитсенна»-ро агар зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гӯем, иштибоҳ намекунем, зеро «Авитсенна» муддати 20 сол,  аз соли 1997 инҷониб  дар бозори тиҷоратии кишвар фаъолият дошта, дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ  саҳми муносиб мегузорад. Фаъолияти ширкати «Авитсенна» аз истеҳсоли обҳои маъданӣ ва нӯшобаҳои рангаи гуногуни ташнашикан оғоз гардида, батадриҷ дар натиҷаи омӯзиши бозори дохилии кишвар ва таҷрибаи  кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон самти фаъолияти худро васеъ гардонид. Дар ин росто,  бо назардошти талаботи бозори дохилии ҷумҳурӣ ширкати «Авитсенна» имрӯз ҳам дар бахши хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва сохтмон  фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои чашмрас мушарраф гардид.

Дар ин муддат ширкати «Авитсенна» тавонист, ки бо фаъолияти гуногунсоҳа, хусусан истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ обрӯю эътибор ва нуфузи худро дар ҷумҳурӣ баланд бардорад. Инчунин роҳбарият ва аҳли кормандони ширкати «Авитсенна» фаъолияти худро дар партави дастгирӣ ва сиёсати иқтисодии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, саъю талош менамоянд, ки дар ташаккули  иқтисодиёти миллӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, таъсиси  ҷойҳои нави корӣ  саҳми бориз гузоранд. Дар тӯли фаъолияти худ  мудирияти ширкат тавонист шумораи ҷойҳои кориро  ба зиёда аз 800 адад расонад, инчунин  дар ворид намудани  технологияи нав, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоте, ки  дар бозор рақобатпазир ҳастанд корҳои назаррас  ба анҷом расонида шуданд.

Кормандони ширкати «Авитсенна» талош менамоянд, ки ҷавобан ба он ғамхориҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷистон, хусусан он сабукиҳое, ки ба соҳибкорон дода мешаванд,  бо истифода аз таҷрибаю малакаи худ дар пешрафти иқтисоди кишвар нақши муассир гузоранд.

   Соҳибкорӣ поквиҷдонӣ ва фарҳанги баландро мепарастад   

АМИТ «Ховар»: Дар урфият мегӯянд, ки  тиҷорат нони пухта нест. Андешаи Шумо нисбат ба ин гуфтаҳо чист?

      Комил Холиқов:  Воқеан шуғл варзидан ба соҳибкорӣ ва тиҷорат  кори  саҳл нест, зеро соҳибкорӣ  аз ҳар як нафар, ки рӯ ба ин пеша овардааст,  қабл аз ҳама, дилу нияти пок,  имону виҷдони комил, инсоф, фарҳанги баланд,  донишу  саъю талош, заҳматҳои шабонарӯзӣ, эътимод ба шарикони ҳамкор, фаъолият дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва дар заминаи он, саҳми муносиб гузоштан ба рушди бахшҳои иқтисодро тақозо менамояд. Ҳар як соҳибкоре, ки ин фазилатҳоро дар фаъолияташ сармашқи кори худ менамояд, албатта, аз пешаааш  баракат меёбад, дар байни мардум соҳиби обрӯ гардида, дар ҷомеа мавқеашро пайдо намуда, билохира соҳибкори муваффақ мегардад.

              Соҳибкори асил аз мушкилот намеҳаросад

       АМИТ «Ховар»:  Соҳибкори соли 2016 аз соҳибкори  20 сол пеш чӣ тафовут дорад?

  Комил Холиқов: Соҳибкори имрӯза аз соҳибкори  10 -15 сол  қабл тафовути калон дорад, зеро бо гузашти вақт шароиту имкониятҳо ҳам барои фаъолияти соҳибкорон дигар гардиданд. Бархе аз соҳибкорон соҳиби имтиёзҳо мебошанд ё худ аз ҷониби  давлат дастгирӣ меёбанд.  Соҳибкороне, ки дар ин давра ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ  ноил гардидаанд, ҳамааш бо шарофати дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро дар ҷумҳурӣ фазои озоди сармоягузорӣ ва  рушди соҳибкорӣ муҳайё мебошад.

Яке аз омилҳои асосии муваффақ гардидани ширкати «Авитсенна» дар бозори тиҷоратии кишвар, паси сар намудани тамоми он мушкилот ва вазниниҳоест,   ки  ба мо, соҳибкорон  дар  солҳои қаблӣ пеш омада буданд. Соҳибкори асил аз чунин мушкилот  ва вазниниҳо ҳаргиз намеҳаросад, зеро он мушкилот барои мо дарси ҳаёт ва мактаби бузурге гардиданд, ки аз он бо сарбаландӣ гузаштем.  Соҳибкори имрӯза бояд дорои фарҳанги баланд бошад, барои   мукамммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан англисӣ саъй намояд.Ҳар як шахсро зарур аст, ки қабл аз оне, ки ба соҳибкорӣ машғул гардад,  бояд бозори маҳсулот ва хизматрасониро  хуб омӯзад, то бо сатҳи хизматрсонӣ ва маҳсулоташ  дар бозор рақобатпазирӣ карда тавонад.

            Стратегияи корбарӣ- сирри соҳибкори муваффақ

     АМИТ «Ховар»: Сирри соҳибкори муваффақ дар чист?

Комил Холиқов: Сирри  соҳибкори муваффақро агар дар доираи фаъолияти ширкати  «Авитсенна» арзёбӣ намоям, пеш аз ҳама, он ба стратегияи корбарии роҳбарияти ширкат ва нақшабандию барномарезиҳое, ки аз ҷониби мудири кулли  ширкат тарҳррезӣ мегарданд, тавъам аст. Бояд тазаккур дод, ки  нақшабандиҳое, ки  барои як сол ва панҷ сол таҳия мегарданд, дар он ҳатман дурнамои рушди ширкат ва саҳми он дар  ташаккули иқтисоди миллӣ ба инобат гирифта мешавад. Инчунин ба рушду пешрафти ҳар як ширкати истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, ҷалби мутахассисони баландтаҷриба ва дар заминаи он тарбия ва омода намудани кадрҳои ҷавони маҳаллӣ, ки донишгоҳҳоро хатм менамоянд,  мусоидат менамояд.

                            Пешрафти кор аз ҳамкорист

     АМИТ «Ховар»:  Оё дар фаъолияти ширкат таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ омӯхта  ва истифода мешавад?

        Комил Холиқов: Бале,  бидуни ҳамкорӣ  ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ тиҷорат пеш намеравад.  Яке аз омилҳои асосии пешрафти ширкати «Авитсенна»- омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи мутахассисони  кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, назири Русия, Чин, Туркия, Эрон, Украина  ва инчунин кишвари ҳамҷавор –Ӯзбекистон аст. Ширкати «Авитсенна» дар бахши сохтмон ва кишоварзӣ мутахассисони  хориҷиро ба таври шартномавӣ  ба муддати як -ду моҳ, баъзан то як сол барои омӯхтани таҷриба  ба кишварамон даъват мекунад. Мо кӯшиш менамоем, ки кадрҳои маҳаллӣ аз таҷрибаи онҳо омӯзанд,  малакаи  худро баланд бардоранд. Умед аст, ки дар оянда мо аз ин кор натиҷаҳои хуб ба даст меорем. Барои пешрафти кор мутахассисоне ҷалб карда мешаванд, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ доранд.

            Дар шароити буҳронӣ ба соҳибкорон бояд сабукиҳо дод

     АМИТ «Ховар»: Буҳрони молиявӣ ба фаъолияти ширкати «Авитсенна» низ таъсир расонидааст?

Комил Холиқов: Дар фаъолияти ширкат баъзе мушкилот ҳаст, ки ба омилҳои берунӣ, хусусан таъсири буҳрони молиявӣ  вобастагӣ доранд. Шартномаҳое, ки бо кишварҳои хориҷа бастаем, баъзеашон сари вақт иҷро карда намешаванд. Инчунин вазъе, ки дар низоми бонкдории  ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад, низ  таъсири худро мегузорад. Муштариёне, ки аз мо манзил ва марказҳои савдо  мехаранд, бархеашон бо сабаби аз бонкҳо гирифта натавонистани пасандозҳояшон  наметавонанд сари вақт маблағҳои худро супоранд. Дар натиҷа таъсираш ба фаъолияти ширкати мо ҳам мерасад.  Вале ин як давраи гузариш аст ва иншоаллоҳ, бо саъю талош ва заҳматҳо  он батадриҷ бартараф мегардад.  Дар шароити буҳрони  молиявии ҷаҳонӣ, ки таъсираш ба иқтисоди кишвари мо ҳам расидааст, хуб мешуд, агар дар асоси таҳлилу баррасии мутахассисону коршиносони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, дар шароити буҳронӣ бо истифода аз таҷрибаи  кишварҳои хориҷӣ  дар давраи муайян  ба соҳибкорон каме ҳам бошад, сабукиҳо дода мешуданд, то фаъолияти соҳибкорони кишвар  ба марзи муфлисшавӣ нарасад.

                                     Номи зебо- ними ҳусн

          АМИТ «Ховар»: Гузоштани номҳои хушоҳанги «Симурғ»,  «Ҳушанг»,  «Ватан»  ба маҷмааҳои манзилӣ, ки аз ҷониби ширкати «Авитсенна» сохта мешаванд, идеяи кист?

Комил Холиқов: Ҳар як бино ва маҷмааи манзилие, ки месозем, ба худ номи зебову рамзӣ ва бостонӣ доранд. Тарҳу ранг ва намои берунии онро низ ба номаш мутобиқ гардонида истодаем, ки ин дар дар  бахши сохтмони манзил ва ободонии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе иқдоми нек аст.  Номҳои зебову хушоҳанг ва бостонӣ гузоштан ба се маҷмааи манзилӣ дар пойтахти кишвар, назири «Симурғ»,  «Ҳушанг» ва  «Ватан»- идеяи мудири кулли ширкати «Авитсенна» ва аҳли кормандонаш  буда, ин биноҳо дар ҳамкорӣ бо муҳандисону меъморони хориҷӣ тарҳрезӣ гардида,  аз сӯи меъморони ватанӣ хуш пазируфта шуд. Чунин таҷриба дар кишварҳои пешрафтаи дунё  ба таври васеъ истифода мешавад. Маҷмааҳои манзилии «Симурғ», «Ҳушанг» иборат аз 18 ошёна  ва «Ватан» бо 24 ошёна дар маркази пойтахт бунёд карда мешаванд. Сохтмони маҷмааи  «Симурғ» ба анҷом расонида шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи манзилии  «Ҳушанг» босуръат идома доранд ва умед аст, ки дар зарфи 4-5 моҳи оянда ва маҷмааи манзилии «Ватан» то охири соли 2017 мавриди истифода қарор дода мешаванд.

                              Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

             АМИТ «Ховар»: Дар бахши кишоварзӣ  ба кадом дастовардҳо ноил гардидед?

 Комил Холиқов: Дар радифи соҳаи истеҳсолот ва сохтмон, ширкат дар бахши кишоварзӣ  ҳам муваффақ гардид. Се сол қабл  хоҷагии ба номи Абдурауф Юсуфов, ки дар Ҳисор воқеъ аст, бо муфлишавӣ рӯ ба рӯ шуда,  бо сармоягузории ширкати «Авитсенна» ба яке аз хоҷагиҳои пешрафта табдил гардид. Дар хоҷагӣ маҳз бо саъю талоши мутахассисон ва кишоварзон соҳаи  зироаткорӣ ва чорводорӣ хеле рушд ёфта, ҳосилнокии гандум, ҷав, ҷуворимакка ба 60-65 сентнер расонида  шуд. Дар соли равон дар хоҷагӣ зироатҳои рабс ва сояро кишт  намудем, ки ба иқлим  ва шароити маҳал мутобиқ буда, аз ин растаниҳои  равғандеҳ кишоварзон фоидаи хуб мегиранд. Ният дорем, ки дар оянда бахши кишоварзиро ба яке аз соҳаҳои даромадноки ширкат табдил диҳем.

Инчунин дар хоҷагӣ фермаи ширию молӣ фаъолият дорад, ки он бо мақсади  таъмини  аҳолии шаҳри Ҳисор ва пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе бо маҳсулоти  ширӣ  ва гӯштӣ ташкил карда шудааст. Дар ферма 1000 сар чорвои  калони шохдор барои истеҳсоли гӯшту шир   парвариш мегардад, ки аз он 300 сар чорвои ширдеҳи зоти голштин мебошад.  Дар фермаи ширию молӣ 47 нафар аҳолии маҳаллӣ, ки 20 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар фермаи чорвопарварӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти  наву муосири  сохти олмонӣ ҷиҳозонида шудааст, дар як шабонарӯз 3,500 литр шир истеҳсол гардида, дар асоси қарордод он ба комбинати шири  Душанбе интиқол мегардад. Мудирияти ширкати «Авитсена» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар назди ферма коргоҳи коркарди ширро ҳам ба роҳ монда, хоҷагиро ба яке аз хоҷагиҳои намунавии кишвар табдил диҳад.

             Оби «Авитсенна» ба ширкат маҳбубият овард

АМИТ «Ховар»: «Авитсенна» номгузорӣ намудани ширкат аз куҷо сарчашма мегирад?

            Комил Холиқов:  Ширкат  аз санаи таъсис- соли 1997 ширкати муштарак буда,  бо номи «Ромплюс стандарт»  фаъолият мекард. Самти фаъолияташ ба истеҳсоли обҳои маъданӣ ва нӯшобаҳои рангаи гуногуни ташнашикан, ба мисли  «Авитсенна», «Шоҳамбарӣ», «Олуча», «Буратино»  ва ғайра нигаронида шуда буд. Маҳз бо шарофати истеҳсоли оби маъдании «Авитсенна» ширкат бо номи ҳамин оби маъданӣ дар бозори кишвар машҳур гардид. Аз ин рӯ, аз соли 1999 ширкат номи «Авитсенна», унвони яке аз олимони барҷаста, мутафаккири бузурги Шарқ — Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро гирифт, ки дар кишварҳои Ғарб Синоро Авитсенна ном мебаранд. «Авитсенна» ном гирифтани ширкат- ин ифтихор ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои бузурги ниёгони худ –тоҷикон аст. Имрӯз аз он бояд шукргузорӣ намоем, ки дар фазои сулҳу субот  кору зиндагӣ дорем, зеро оромию осоиштагӣ ва саломатии мардум давлати бузург аст ва бояд мо, соҳибкорон, қабл аз ҳама, ба қадри кору заҳматҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  бирасем ва сипосгузорӣ намоем. Рисолати мо соҳибкорон содиқона ба халқу ватан хизмат кардан ва саҳми муносиб гузоштан дар рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар,баланд  бардоштани нуфузи эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

               Мусоҳиб  Марзия Саидзода,  хабарнигори АМИТ  «Ховар».

Октябрь 13, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ. Андешаҳои иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар ин хусус
Директори идоракунӣ ва банақшагирии Девони вазирони Замбия Йенгве Какуса: «Мафтуни табиати зебою нотакрори Тоҷикистон гаштам»
«БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030». Давоми чор соли фаъолияти он кадом натиҷаҳо ба даст омаданд ва чӣ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст?
ИМРӮЗ-РӮЗИ АДВОКАТҲО. Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташкил медиҳад
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд