29 октябр — Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории инсулт: Фишорбаландӣ метавонад ба сактаи мағзи сар боис шавад

Октябрь 29, 2016 08:10

insultДушанбе, 29.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 29 октябр дар  саросари ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории инсулт  ё худ сактаи мағзи сар таҷлил мегардад. Ин рӯзро  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2006 бо мақсади мубориза бо ин беморӣ  таъсис дода буд.

Бемории  сактаи мағзи сар- ин вайроншавии гардиши  хун дар мағзи сар буда, бо аломатҳои норасоии неврологии қитъавӣ пайдо мегардад.  Ин  бемории  вазнин то имрӯз яке аз сабабҳои   маъюб ва ҳалок гаштани инсон дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ба ин хотир мухбири АМИТ «Ховар» бо Абдураҳим Халилов,  асабшинос,  мушовири Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»:  Дар бораи бемории инсулт  ва сабабҳои пайдоиши ин беморӣ чӣ гуфта метавонед?

insult-0А.Халилов:  Сактаи мағзи сар ё худ  инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки  аломатҳои ин беморӣ  дар бемор тӯли  24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал -ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ  ва дуюм — сактаи хунрезӣ. Ба бемории  сактаи мағзи сар вайроншавии гардиши хун дар ягон қисмати мағзи сар сабаб мешавад.  Омилҳои бавуҷудоии сактаи мағзи сар-   ин фишорбаландии шараёнӣ арзёбӣ мешавад. Дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст,  эҳтимолияти сактаи мағзи сар то панҷ маротиба меафзояд.  Омили дигари хавфнок- ин истифодаи тамоку мебошад, ки хавфи сактаи мағзи сарро аз 2 то 4 маротиба зиёд менамояд. Сабабҳои дигари ин беморӣ диабети қанд ва   номураттаб шудани кори дил метавонанд гарданд. Тағйир ёфтани ғафсии хун  яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани сактаи мағзи сар мебошад.

«Ховар»: Нишонаҳои бемории инсултро чӣ гуна метавон муайян кард?

А.Халилов:  Нишонаҳои бемории инсулт  гуногунанд.    Чанд нишонаи асосиро бе  кумаки духтур ҳам муайян кардан  мумкин аст — ин  вайроншавии нутқ,   ҳаракат  ё қувваи мушакҳо дар бемор аст. Нишонаи дигар — ин гум кардани ҳиссиёт  ва заиф гаштани биноист.   Ин аломатҳо,  албатта, дар гирифторони сактаи хурдҳаҷм зоҳир мешаванд. Дар ҳолатҳое, ки сактаи мағзи сар ҳаҷми калонро дар бар мегирад ва ҳатто сактаи ҳолати хунрезӣ ба амал меояд, боз дигар аломатҳо пайдо мешаванд.

insult-3«Ховар»:  Бо кадом роҳҳо мо метавонем ин бемориро пешгирӣ кунем?

А.Халилов:   Барои  пешгирии бемории сакта мо бояд омилҳои хатари онро  бартараф намоем. Омили хатарнок — фишорбаландии шараёнӣ  аст. Беморони дорои фишорбаландии шараёнӣ бояд таҳти назорати қатъии духтурон бошанд.  Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми харобшавӣ, кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон   фишори шараёнро  дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт.  Хатари дигар- ин сигоркашист. Бояд гуфт, ки пас аз як соли даст кашидан аз сигоркашӣ хатари пайдошавии инсулт то ду баробар кам мегардад.

«Ховар»: Ба онҳое, ки ин бемориро аз сар гузаронидаанд, чӣ тавсия медиҳед?

 А.Халилов:  Чунин  беморон  бояд сари вақт бо  пайдошавии нишонаҳо ба муассисаи табобатӣ оварда шаванд. Бемороне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати  духтури асабшинос  бошанд. Табобат  ё тавсияҳое, ки табиб медиҳад, бояд  риоя шавад.  Аз корҳое, ки ба таври доимӣ асабро хароб мекунанд, даст бояд кашид. Ҳангоми истироҳат ё дар сафар  бемор набояд доруҳои лозимиашро фаромӯш намояд ва сари вақт онҳоро истеъмол намояд.

 

 Ибодат Давлатова

 

 

Октябрь 29, 2016 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст