Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқ: «Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт мутақобилан судманд мебошанд»

Октябрь 26, 2016 18:31

Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт мутақобилан судманд мебошанд. Пеш аз ҳама, онҳо дар заминаи санадҳо ва созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ асос ёфтаанд. Мо умедворем, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ рушд хоҳанд кард», — гуфт пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқ.

Ба гуфти Абдуллоҳ Маътуқ ал – Маътуқ ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда самтҳои сармоягузорӣ, рушди тандурустӣ, маориф ва кумакҳои башардӯстонаро фаро хоҳанд гирифт, то мо тавонем ба мардуми тоҷик кумакҳои башардӯстона расонем.

Кувайт аз нахустин кишварҳои арабӣ аст, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва 31 марти соли 1995 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт робитаҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Ибтидои таърихи алоқаҳои наздики Тоҷикистону Кувайт аз нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт, ки 17-19 апрели соли 1995 сурат гирифт, сарчашма мегирад.

Октябрь 26, 2016 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд