Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми «Ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ» ширкат варзид

Октябрь 20, 2016 12:13

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябри соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Чин П.Давлатзода дар 4-умин Форуми «Ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Чэндуи музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, ширкат намуд. Дар Форум атрофи ҳамкории Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар заминаи тақвияти ҳамкории минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
П.Давлатзода дар суханронии хеш зикр кард, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои ҳамсоягии накӯ, дӯстона ва ҳамкории судманд бо Чин аҳамияти хосса дода, муносибот бо Чин дар сиёсати хориҷии кишвараш мақоми афзалиятнок дорад. Бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ, дӯстии устувор ва муносибатҳои шарикии боъэтимоди Тоҷикистону Чин рушди муназзами робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ нақши намоён доранд.
Аз рушди бонизом ва натиҷаи ҳамгироии ду кишвар дар соҳаи амният, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, густариши ҳамкории муваффақ дар татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба аҳамияти эҷоди «Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим» ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар дар самти тиҷорати байниминтақавӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони Осиёи Марказӣ ва Чин ва шукуфоии иқтисодии минтақа аст, таъкид карда шуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон инчунин ба иштирокчиёни Форум имкониятҳои тиҷоратӣ- иқтисодӣ ва туристии кишварро муаррифӣ намуд.
Дар Форум ҳайатҳои расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони давлатии Чин, намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорон, олимон ва коршиносон, намояндагони аҳли тиҷорат ва ВАО иштирок намуданд.

Октябрь 20, 2016 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд