Ҷаласаи 28-уми байнидавлатии обуҳавошиносони ИДМ дар Душанбе баргузор гардид

Октябрь 18, 2016 14:25

Душанбе, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17-18-уми октябр ҷаласаи 28-уми байнидавлатии обуҳавошиносони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин навбат ҷаласа ба 90-солагии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар он намояндагон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Молдова, Беларус ва Украина иштирок ва вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои соҳаи мазкур андешаронӣ намуданд.
Инчунин дар ҷаласа беш аз 30 масъала оид ба обуҳавошиносӣ, аз қабили мушоҳидаи шабакаҳои давлатӣ, корҳои тадқиқотӣ ва методӣ, низоми маълумоти коммуникатсионӣ баррасӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир заминаи қонунгузории соҳаи обуҳавошиносӣ хеле рушд ёфта, дар доираи татбиқи онҳо дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омаданд, ки яке аз онҳо дастрасӣ ба техника ва таҷҳизоти нави обуҳавошиносӣ мебошад.
Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Октябрь 18, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад