Ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябри соли 2016 дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ бахшида ба 20-солагии ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва 25-умин солгарди истиқлолияти кишварҳои минтақа намоишномаи асарҳои рассомон ва нигораҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА барои барпо намудани гӯшаҳои фарҳангии кишвар дар чорабинӣ ва барпо намудани намоишномаи нигораҳои рассомони тоҷик Комил Ёдгоров, Акмал Миршакар, Аъзам Отахонов ва Фаррух Неъматзода ба Бонки ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Зимни чорабинӣ ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ Cирил Мюлер оид ба ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо кишварҳои минтақа дар ин давра маълумот дода, ҷиҳати мусоидат дар баргузории намоишгоҳ ба намояндагиҳои дипломатии минтақа изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур то 28 октябри дар толори «Ҷэймс Волфенсон»-и Бонки ҷаҳонӣ идома меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






