Андешаҳо перомуни мақоми зан дар рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол

Октябрь 13, 2016 17:02

Душанбе,13,10.2016./АМИТ «Ховар»/. «Давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад» — ба чунин андеша омаданд иштирокдорони ҷамъомаде, ки имрўз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар мавзўи «Мақоми зан дар рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир гашт.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар ҷамъомад ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода нақши занонро дар рушди ҷомеа, устувории оила ва таълиму тарбияи фарзандон муҳим арзёбӣ кард.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода дар мавзўи «Нақши занон дар амалӣ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор намуд, ки аз рўи таҳлилҳо яке аз зуҳуроти ба солимии оилаҳо таъсиррасонанда- ин риоя накардан ва ба танзим надаровардани расму оин ва одату анъанаҳои мардумист. Дар риояи анъанот, бешубҳа, нақши занон бориз ва ҳалкунанда аст.
Дар бораи тарғиби либоси миллӣ мавсуф гуфт, ки боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ бағоят муҳим буда, ба мо зарур аст, то дар ҷомеа ҳарчи бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем. Мутаассифона, бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллӣ ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта натавониста, сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд. «Либос як рукни фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, ки онро бояд ҳифз намуд»,-таъкид кард Идигул Қосимзода.

Октябрь 13, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд