Азизмамад бо лақаби «Хирс Алёш» ба муҳлати 8 сол равонаи маҳбас шуд
Хоруғ, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар» /. Суди ноҳияи Шуғнон сокини шаҳри Хоруғро, ки миёни мардум бештар бо лақаби «Хирс Алёш» маъруф буд, бо гуноҳи ҷалби ҷавонон ба фурӯши маводи мухаддир ва мусоидат дар паҳн намудани он мутобиқи моддаи 36 ва 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум кард. Назар ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи як амалиёти махсус дар деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон сокини деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ Ҷамшед Хушмамадовро бо маводи мухаддир дастгир намуданд. Номбурда бо маслиҳат ва пуштибонии «Хирс Алёш» ин маводро аз Алик ном сокини шаҳри Хоруғ бар ивази 1600 доллари амрикоӣ харидорӣ намудааст. Ҷараёни тафтишоти минбаъда собит намуд, ки Ҷамшед чанд муддат дар хонаи «Хирс Алёш» чун меҳмон иқомат кардааст ва бо дастури ӯ ба хариду фурӯши маводи нашъадор машғул мешавад.
Кормандони РКДАМ дар ВМКБ пас аз таҳқиқу тафтиши парвандаи ҷиноятӣ онро ба суди ноҳияи Шуғнон ирсол намуданд. Баъди омӯзиши ҳамаҷониба суди ин ноҳия Ҷамшед Хушмамадовро 9 сол ва Азизмамад Мамадбеков, мулаққаб ба «Хирс Алёш»-ро ба 8 соли маҳбас маҳкум намуд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






