«Чаманистон»-и Хиромон Неъматзода тарғибгари сулҳу дӯстист
Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи «Чаманистон»- и шоира Хиромон Неъматзода бо дастгирии Созмони байналмилалии бунёди сулҳи ҷаҳон ва ҳимояи ҳуқуқи башар бо теъдоди 1000 нусха бо хатти форсӣ аз чоп баромад.
Тавре Хиромон Неъматзода иброз дошт, маҷмӯаи мазкур дар Тоҷикистон 2 маротиба аз ҷониби нашриёти «Андеша» ва «Адабиёти бачагона» бо теъдоди 500 нусхагӣ рӯи чоп омада буд.
«Дар «Чаманистон» сухан дар бораи 50 намуди гул, зебоӣ ва накҳати он меравад, зеро миллати тоҷик ҳамчун мардуми тамаддунофар истифодаи гулҳоро чун растании ороишӣ ба дигар халқҳо омӯхтааст»,- гуфт Хиромон Неъматзода ва илова намуд, ки «дар ҷое, ки гул, зебоӣ, сабзу хуррамӣ ва шукуфоӣ аст, он ҷо сулҳ пойдор мебошад. Чунки накҳати гул асабро ором намуда, одамонро ба дӯстӣ ва сулҳ даъват менамояд».
«Чаманистон» барои тарғиби сулҳ ва пойдор мондани он мусоидат намуда, аз 4 боб- «Қиссаи малика Меҳрофарин ва мулки Меҳробод», «Расидани гулҳое, ки бо ҳам баҳс ва гуфтугӯ мекарданд», «Расидани гулҳое, ки бо одамон ва байни якдигар рози дил мекарданд» ва «Хотимаи қиссаи малика Меҳрофарин ва Меҳрон» иборат аст ва дар он шоира зебоӣ ва таровати гулҳои рангинро ба риштаи назм кашидааст.
Маҷмӯаи мазкур дар пайравии «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ навишта шуда, хонандаро зимни мутолиа ба сайри олами рангини гулҳо ва зебоӣ даъват менамояд.
Шоира Хиромон Неъматзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, то имрӯз 5 маҷмӯаи шеърҳояш рӯи чоп омадаанд. Номбурда муаллифи барномаи «Сеҳри гулҳо», «Гавҳари дил» ва «Сад ранги чаман» буда, айни ҳол дар радиои «Фарҳанг»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






