Чемпионати Осиё-2019 (U-19). Ҷопон — Тоҷикистон: кадом даста ба бозиҳои нимниҳоӣ меравад?
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи байналмилалии Баҳрайн дар бозии сеюми чорякниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонон дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Тоҷикистон дар соати 18:30 ба вақти Душанбе бо ҳам қувва меозмоянд.
Дастаи мунтахаби Ҷопон дар силсилаи вохӯриҳои гурӯҳи «С» бар дастаи мунтахаби Яман (3:0) ва Қатар (3:0) ғалаба карда, бо тими мунтахаби ҷавонони Эрон (0:0) мусовӣ бозӣ кард ва бо касби 7 имтиёз дар зинаи аввали гурӯҳ қарор гирифт. Аз ин гурӯҳ футболбозони эронӣ соҳиби ҷои дуюм шуданд ва ин дастаҳо ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи сангини «Д» тавонист дастаҳои мунтахаби муқтадири Австралия (0:0) ва Чинро бо ҳисоби 2:0 паси сар гузорад ва бо як бохт аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон (1:2) бо касби 4 имтиёз ва ишғоли зинаи дуюм муборизаро барои роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2017 ва медалҳои Чемпионати Осиё идома диҳад. Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо 7 имтиёз пешсаф шуд.
То ин дам дар вохӯриҳои байни дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Тоҷикистон дар сатҳи дастаҳои мунтахаб бартарӣ бар ҷониби футболбозони Ҷопон аст, аммо футболбозони мо, ки бо сабку услуби хоси Виталий Левченко-гузаштан аз муҳофизат ба ҳуҷум бозӣ мекунанд, чун дар вохӯрӣ бо тими мунтахаби Австралия метавонанд ба комёбӣ ноил шаванд. Барои ин устувор будан аз нигоҳи равонӣ ва ба рақобат бо тамоми ҳастӣ дода шудан метавонад ба онҳо кумак расонад. Ҷопониҳо барои омода шудан ба ин бозӣ нисбат ба футболбозони мо як рӯз зиёдтар вақт доштанд
Дар бозиҳои чорякниҳоии шаби гузашта дастаи мунтахаби Ветнам дар бозии чорякниҳоӣ мизбони мусобиқа- дастаи мунтахаби Баҳрайнро (1:0) аз мубориза барои медалҳо дар канор карданд. Дар вохӯрии дуюми рӯз дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Арабистони Саудӣ бо ҳам қувва озмуданд (2:2) ва дар задани силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 6:5 пирӯз шуд.
Дидори дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон бо Эрон имрӯз баъди бозии Ҷопон бо Тоҷикистон сурат мегирад.








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






