Дар шаҳри Ваҳдат барои ҳар як маърака 5368 сомонӣ сарф кардаанд
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади дар амал татбиқ намудан ва фаҳмондани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрию суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд. Дар натиҷа имсол мутобиқи маълумоти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 3276 ҷашну маъракаҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 219 ададаш хатнасур, 2075 адад тӯйи домодию арӯсӣ, 540 маросими чил ва 442 маросими сол мебошанд. Дар маъракаҳои мазкур 1064 чорвои калон ва 1298 чорвои хурд забҳ карда шудаанд.
Инчунин зимни баргузории ҷашну маъракаҳо 16170 кг гӯшт харид шудааст. Маблағи умумии хароҷот дар ин давра 17 миллиону 583 ҳазору 994 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як маърака 5368 сомонӣ рост меояд. Ҳамчунин аз ҳисоби ходимони дин 100 нафар тифлакон аз оилаҳои ниёзманд хатнасур карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои молию моддӣ тақдим карда шуданд.