Дар шаҳри Ваҳдат оид ба табъиз нисбат ба занон ва пешгирии таъсири ифротгароӣ дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир шуд
Душанбе, 24.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадшоева, диншинос Тоҳир Рашидӣ, директори Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон Зебо Шарифова ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ваҳдат Зарина Одинаева дар мавзӯи «Ҳамкорӣ бо мақсади бартараф кардани хушунат, табъиз нисбат ба занон ва кам кардани таъсири ифротгароӣ дар Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар масъулин оид ба зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи занон, мушкилоти занони эҳтиёҷманд, ҳуқуқҳои зан аз нигоҳи дини мубини ислом, шомил нагардидани занон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, қадру манзалати зан дар ислом, хушунат ва зӯроварӣ аз нигоҳи дини ислом, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, пешгирии бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона рӯ овардани занону духтарон сухан гуфта, роҳҳои ҳалли мушкилоти занонро пешниҳод карданд.