Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фаластин бозии рафиқона мегузаронанд

Октябрь 3, 2016 16:37

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ«Ховар»/. 5 октябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии рафиқонаро бо тими миллии Фаластин анҷом хоҳад дод. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18:00 шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин дидори дастаҳои мунтахаби футболи миллии Тоҷикистону Фаластин ба шумор меравад. Бозии аввали дӯстона миёни дастаҳо 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.
Ҳоло дар рейтинг ё раддабандии ФИФА дастаи футболи мунтахаби Фаластин дар мақоми 115-ум ва дастаи миллии Тоҷикистон дар ҷойи 144-ум қарор доранд.

Октябрь 3, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад