Ифтихорномаи ректори ДДХ ба волидони донишҷӯён: кори бонизоми омӯзгор ва падару модаронро роҳандозӣ бояд кард!

Октябрь 20, 2016 16:58

Хоруғ, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Шермамад Ҷонмамадов дар ҳузури бештар аз 500 донишҷӯ ба гурӯҳе аз волидони донишҷӯён, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва дар барномаҳои фарҳангию варзишии шаҳру вилоят ширкати фаъол доранд, ифтихорномаҳо тақдим кард. Зимни супурдани ифтихорномаҳо ректори донишгоҳ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» ёдовар шуда гуфт: «Қонуни мазкур бо тақозои замони муосир, баъди афзоиши рӯзафзуни таъсири фарҳангу суннати ҷаҳони берунӣ ба василаи шабакаҳои мухталифи электронӣ ба тасвиб расид. Фарзандони мо ҳангоми истифода аз ин шабакаҳо дар баробари иттилои зарурӣ, ҳамчунин бо бисёр гузоришу матолиби дурушту ихтилофангез рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба арзишҳои миллии мо  созгор нестанд. Ин метавонад рафтору кирдори онҳоро ноаён тағйир диҳад ва мо замоне аз ин огоҳ мешавем, ки ислоҳаш ғайримумкин мегардад.  Қонуни мазкур бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки дар таълиму тарбияи фарзандонамон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, зеро ин  на танҳо ба оилаи мо, балки ба ҷомеа ва кишварамон зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ёдовар шуда, ба устодону донишҷӯён ва волидони онҳо таъкид менамояд, ки зираку ҳушёр бошанд ва ба доми ифротгароён наафтанд».
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки чун ҳамеша, масъалаи ҳифзи шаҳрвандони мо аз таъсири ин гуна тарғибот ва пешгирии  ҷалби онҳо ба сафи ташкилотҳои терррористиву экстремистӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин ҷо кори ҳаррӯза ва бонизоми ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо падару модарон зарур аст.
Ректори донишгоҳи мазкур бори дигар ба волидони донишҷӯён, ки ҳамеша бо устодон ҳамкорӣ мекунанд ва ҷараёни таҳсили фарзандонашонро пайгирӣ менамоянд, изҳори сипос кард. Аз устодон даъват намуд, ки барои барқарор кардани робитаи доимӣ бо волидон худашон низ бештар саъю талош кунанд.

Октябрь 20, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад