Кӯҳҳои Помир дар феҳристи «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ» ҷой гирифтанд

Октябрь 11, 2016 11:56

Хоруғ, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаи озмуни ҷаҳонии «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», ки дар шаҳри Любляниеи кишвари Словения баргузор гардид, кӯҳҳои Помир ба номгӯи минтақаҳои тамошобоби сайёҳии ҷаҳон ворид гардиданд. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ ду мавзеъ- яке Юрмала дар кишвари Латвия ва дигаре кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба ин унвон сазовор гаштаанд. Директори иҷроияи Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангии Помир Асадшо Зоолшоев шароит ва имконоти Тоҷикистонро барои рушди соҳаи сайёҳӣ хеле мусоид шумурда, баён медорад, ки «агар ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хизматрасониҳоро барои ҷаҳонгардон боз ҳам бештар бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намоянд, кишвари мо метавонад аз ин соҳа даромади хуб ба даст орад. Соли гузашта бештар аз 400 ҳазор сайёҳ ба тамошои маконҳои зебову таърихии ҷумҳурӣ омаданд ва 10 ҳазори онҳо аз манзараҳои дилфиреби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуданд».

kuhhoi-badahshon

Ин бори аввал нест, ки Тоҷикистон шомили рӯйхати чунин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мешавад. Ҳамагӣ се соли пеш Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Баъдан кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг ба ин рӯйхат ворид шуданд.  Роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб- Кулма яке баландтарин ва зеботарин роҳҳо дар дунё дониста шуд. Ҳамаи ин пешравӣ ва комёбӣ дар арсаи туризм аз ҳамкорӣ ва равобити хуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатию хусусӣ шаҳодат медиҳад. Яке аз дигар омилҳои пешрафти риштаи сайёҳӣ ба фазои амну осудаи кишвар робита мегирад. Агар мо ин фазоро ҳифз  кунему тақвият бахшем, дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон ба кишвари маъруфу шинохта барои мардуми сайёра табдил меёбад. Рушди инфрасохтор низ дар ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон нақши муассир дорад. Алъон дар баробари бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, ҳамчунин дар деҳоти дуру наздики вилоят 80 хонаи меҳмондорӣ вуҷуд доранд. Роҳҳои мошингард низ сол аз сол ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Октябрь 11, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад