«Корҳои илмӣ — инноватсионии ҷавонон»- конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Данғара

Октябрь 31, 2016 10:52

Қӯрғонтеппа, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории силсилабарномаҳо дар назар аст.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳамарӯза дар муассисаҳои таълимии вилоят конфронсу семинарҳо ва суҳбатҳо оид ба нақши Конститутсия, волоияти қонун ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ баргузор мешаванд.
Дар робита ба ин дар ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Корҳои илмӣ — инноватсионии ҷавонон» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар конфронс олимони ҷавон ва устодони донишгоҳҳо дар бораи саҳми ҷавонон дар пешрафти илм ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ карданд.

Октябрь 31, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад