Коршиносони Палатаи савдо ва саноат доираҳои соҳибкории Тоҷикистонро бо созишномаҳои СТҶ шинос мекунанд
Душанбе, 04.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Силсилаи иборат аз шаш давраи омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз қоидаву созишномаҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ), уҳдадориҳои Тоҷикистон ва таъсири он ба соҳаҳои муайяни иқтисоди кишвар имрӯз, 4-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Маркази тиҷорати байнмилалӣ (МТБ) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария намояндагони бахши хусусии кишварро ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо оид ба созишномаҳои СТҶ доир ба тиҷорат ва хидматрасонӣ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ин созишномаҳо, манфиату чолишҳо ва пайомадҳои эҳтимолии иҷрои ин созишномаҳо гирди ҳам меоварад. Давраҳои омӯзишии мазкурро коршиносони Палатаи савдо ва саноат ва вазорату идораҳои марбута баргузор мекунанд. Силсилаи омӯзишҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа доир шуда, рӯзи 28-уми октябр ба анҷом мерасанд.
Ҷанбаъҳои аслии иҷрои созишномаҳои зерин ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи давраҳои омӯзишӣ хоҳанд буд: Созишномаи содагардонии расмиёти савдо, Созишнома доир ба соҳаи кишоварзӣ, Созишномаи умумии тарофаҳо ва тиҷорат (ГАТТ), Созишномаи умумии хидматрасониҳои тиҷоратӣ (ГАТС), Созишнома доир ба ҷанбаъҳои тиҷоратии моликияти зеҳнӣ (ТРИПС).
Мушкилоти имрӯзи ширкатҳои содиротии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва имкони истифода аз узвияти кишвар дар СТҶ барои ҳалли ин мушкилот низ дар ин давраҳо баррасӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст






