Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон масоилу мушкилоти мавҷуда ва ислоҳоти заруриро мавриди баррасӣ қарор дод

Октябрь 13, 2016 08:47

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли 2016 ҷаласаи панҷуми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Кумитаи ҳамкорӣ бори дигар ҷонибдории тарафҳоро барои таҳкими муносибатҳо дар доираи «Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ» таъкид карда, ҳамчунин пешравиҳоеро, ки аз 10 июни соли 2015- замони баргузории ҷаласаи 4-уми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз ба даст омадаанд, натиҷагирӣ намуд.
Кумитаи ҳамкорӣ бори дигар аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ изҳор карда, аз иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ин росто истиқбол намуд.
ИА аҳамияти таъмини сулҳу суботи Тоҷикистонро дар муқобили як қатор хатарҳои берунӣ ва дохилӣ таъкид карда, иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини ваҳдати дарозмуддати миллӣ зарур меояд, ки ба изҳори ақидаҳои гуногуни демокративу сиёсӣ имкон дода шавад. Инчунин ИА ёдовар намуд, ки ислоҳоти демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ қисми ҷудонашавандаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Дар Кумитаи ҳамкорӣ Иттиҳоди Аврупо дастгирии пайвастаи худро ба талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва молиявӣ тасдиқ кард. Он ҳамчунин уҳдадориҳои худро дар бобати идома додани рушди ҳамкорӣӣ бо Тоҷикистон бори дигар тасдиқ намуд. Барномаҳои дуҷонибаи рушд бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 251 миллион евро барои солҳои 2014-2020 ислоҳоти соҳаҳои ҳаётан муҳимро, аз қабили рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф, ки барои рушди иқтисодӣ, ривоҷи бахши хусусӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ равона шудаанд, дастгирӣ хоҳанд кард. Ҳарду ҷониб оид ба таъсиси зеркумита барои рушди ҳамкорӣ омодагӣ изҳор намуданд, ки он бояд самаранокии тафсири афзалиятҳоро дар рушди ҳамкорӣ ва барномаҳои муштарак баланд бардорад.
Кумитаи ҳамкорӣ аҳамияти ҳамгироии минбаъдаи Тоҷикистонро ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар мамлакат бо мақсади ҷалби теъдоди бештари ширкатҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин сармоягузории мустақими хориҷӣ таъкид намуд.
Ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ таҳти раёсати Люк Девин, директори Сарраёсат дар Хадамоти умури хориҷии Аврупо ба ҳайси роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода сарварӣ намуд.

Октябрь 13, 2016 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд