Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинонро аз бориши сахти борон ва боди сард огоҳ мекунад

Октябрь 18, 2016 15:00

Душанбе, 18.10. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Ба иттилои манбаъ, борони шиддатнок ва боди сард дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-12 дараҷа мерасад. Дар манотиқи баландкӯҳ барф меборад, дар навоҳии ҷудогона бӯрони шадид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Ҳавои тағйирёбанда табиист, ки роҳандозии корҳои саҳроӣ, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, рафтуомади мошинҳо, фаъолияти муассисаҳои алоқа ва хадамоти коммуналиву таъминоти барқро ба мушкил рӯ ба рӯ месозад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинон ва меҳмононро огоҳ месозад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд.

Октябрь 18, 2016 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад