Лафзи гуфтори дарӣ ширинтар аст…

Октябрь 4, 2016 16:40

Хоруғ, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ суҳбати «мизи гирд» баргузор шуд. Дар он дар баробари омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ҳамчунин волидони хонандагон низ ширкат доштанд. Муовини директор оид ба тарбияи мактаби мазкур Айниддин Сомиддинов нақши забони модарӣ дар таълими фанҳои мухталифи дарсиро муҳим арзёбӣ намуда, гуфт: «Бидуни донистани забони модарӣ аз худ намудани илмҳои дигар ғайриимкон аст. Аммо забони модариро кӯдакон аз давраи қадам гузоштан ба остонаи таълимгоҳ ёд мегиранд, зеро дар хона ва кӯча аксарияти онҳо бо лаҳчаи маҳали зисти худ гуфтугӯ мекунанд. Шумо мебинед, ки имрӯз ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳамин забони пур аз иштибоҳ ва дурушту дур аз мантиқ бо ҳам муколима мекунанд. Иллати аслии ин падидаро берун аз мактаб ҷустан лозим нест, ҳар айб, ки ҳаст, дар таълиму тарбияи мост. Мо борҳо мушоҳида намудем, ки омӯзгорон худашон ҳангоми дарс бо лаҳҷаи худ бо шогирдон суҳбат мекунанд. Бояд иқрор шавем, ки луғати забони адабии мо хароб аст. Худамон ба ҷуз китобҳои дарсӣ аз китобҳои илмӣ-бадеӣ кам истифода мебарем ва аз кӯдакон ҳам тақозо намекунем, ки шеърҳои шоирони классик, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Аттору Саноиро мутолиа кунанд».
Ба андешаи Айниддин Сомиддинов: «кӯдаке, ки дар хурдсолӣ назму насри шоирони классикиро мутолиа карда бошад, калон шуда, соҳиби кадом касбе, ки нагардад, хушсухану ширингуфтор хоҳад шуд».
Муовини директори Мактаби президентӣ аз омӯзгорон даъват намуд, ки барои тозагии забони давлатӣ талош намоянд, зеро забони тоҷикӣ-форсӣ дар дунё чун забони шевою равон шинохта шудааст ва дар аксарияти маврид мардуми ҷаҳон дар ҳаққи ин забон чунин мегӯянд: «форсӣ шакар аст».
Дар ин суҳбати судманд омӯзгорони Мактаби президентӣ изҳор намуданд, ки ба танҳоӣ наметавонанд забони кӯдаконро бо меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ созанд ва аз волидон низ хоҳиш намуданд, ки дар ин кор ба онҳо кумак расонанд.

Октябрь 4, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!