Лоиҳаи нав оид ба таъмини бехатарии об дар деҳоти Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Октябрь 25, 2016 16:39

          Душанбе, 25.10.2016/АМИТ «Ховар». Лоиҳаи «Манбаъҳои хурд ва бехатарии оби нӯшокӣ, васеъкунии ҳудуди ба нақшагирии  таъмини бехатарии об ва мониторинги самаранокии сифати об дар деҳоти Тоҷикистон» имрӯз дар Душанбе муаррифӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Финландия ва Ташкилоти  умумиҷаҳонии тандурустӣ  /ТУТ/ маблағгузорӣ гардида,  дар зарфи ду сол  дар ҳамкорӣ бо Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТУТ ва дигар шарикони рушд амалӣ гардонида мешавад. Лоиҳаи мазкур дар панҷ ноҳияи озмоишӣ, ки фарогири нуҳ деҳа, як маҳаллаи шакли шаҳрист, амалӣ гардонида мешавад.

Самти лоиҳаи муштарак  ба беҳтар намудани  сатҳи таъминоти  оби ошомиданӣ дар  деҳоти Тоҷикистон  тавассути дастгирии татбиқи нақшаҳои таъмини бехатарии об нигаронида шуда, он ба беҳтар гардонидани   идоракунии манбаи  обтаъминкунӣ ва дар заминаи он  ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Яке аз рукнҳои  асосии лоиҳа рушди стратегияҳои  самаранок барои  мониторинги сифати оби  ошомиданӣ дар деҳот  мебошад. Дар доираи лоиҳа барои  мутахассисони бахши  хизматрасонии санитарию эпидемиологӣ  омӯзишҳо оид ба  азхудкунии донишу малака ҷиҳати гузаронидани мониторинги  сифати об  дар асоси  арзёбии хавфҳо  гузаронида мешаванд. Дар робита ба ин,  таҷҳизоти  санитарию эпидемиологии хизматрасонӣ дар панҷ ноҳияи озмоишӣ  мукаммал гардонида мешавад, ки он барои босифат гузаронидани  ташхиси хусусиятҳои об мусоидат менамояд.

 

Октябрь 25, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад