М.Маҳмадаминов: Таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СММ ҷиҳати коҳиши хавф ва оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳим аст
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов 10 октябр дар ҷаласаи Кумитаи дуюми Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба рушди устувор суханронӣ намуд.
Тавре аз ВКХ хабар доданд, намояндаи доимӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор бо онҳо рӯбарӯ мешавад, аз ҷумла ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба об ҷалб намуд. Намояндаи доимӣ зарурати таҳкими ҳамкориро дар чаҳорчӯби СММ ҷиҳати коҳиши хавф ва оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид намуд.
М. Маҳмадаминов обро ҳамчун ҷузъи асосии рушд арзёбӣ намуд вазикр кард, ки дар ин самт пешрафти қобили мулоҳиза дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ба даст омадааст. Тазаккур дода шуд, ки раванди пешбарии лоиҳаи қатънома оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор 2018-2028» оғоз шуда, санади мазкур рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод хоҳад гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






