Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои харидории ангишт ва ҳезум ба кони ангишти «Сайёд» пешпардохт карданд

Октябрь 13, 2016 11:42

Ваҳдат, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои сари вақт омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва фаъолияти мунтазам ва самарабахши онҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Ваҳдат барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва муассисаю ташкилотҳо бо ангишт, гази моеъ ва ҳезум дар ҳудуди шаҳру деҳот 10 адад нуқтаи фурӯши ангишт ва 42 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Тибқи иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат, то 1 октябри соли равон 36 ҳазору 116 тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки бо бақияи ангишти соли гузашта 39 ҳазору 626 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин давра 31 ҳазору 300 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шуда, 8326 тонна дар анборҳо боқӣ мондааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо муассисаҳои буҷетии шаҳр барои харидории ангишт ва ҳезум ба маблағи 481 ҳазор сомонӣ ба кони ангишти «Сайёд» пешпардохт карданд. То имрӯз соҳаи маориф 885 тонна ангишт ва 556 метри мукааб ҳезум, соҳаи тандурустӣ 204 тонна ангишт, 240 метри мукааб ҳезум, 6 адад генератори барқдиҳанда ва 151 печкаи аловӣ захира кардаанд.
Инчунин Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон 3 адад техникаро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта, дар анборҳои корхона ба миқдори 35 метри мукааб қуми махсус ва 2 тонна намак захира кардаанд.
Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди шаҳр аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр ба миқдори 2600 метри мукааб қуму намак, 10 тонна ангишт, 10м3 ҳезум, 1 адад генератори барқӣ, 2800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 120 литр равғанҳои молиданӣ захира карда шудаанд.

Октябрь 13, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад