Мактаби президентӣ дар Хоруғ агарчӣ 5- сола шуд, аммо дастовардҳояш дар арсаи таълим беназиранд

Октябрь 8, 2016 08:56

Хоруғ, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси муассисаи давлатии Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ расо 5 сол пур шуд. Агар панҷ соли фаъолияти ин муассисаро натиҷагирӣ кунем, бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки дар ин муддати кӯтоҳ он ҳам аз ҷиҳати таълим ва ҳам аз ҷиҳати тарбия бартарии худро баръало нишон дод. Дар ин давра мактабро 324 нафар хонандагон хатм намуданд, ки 98 фоизи онҳо ба муассисаҳои олии дохили кишвар ва берун аз он шомил шуданд. Барои мо омӯзгорон ҷои ифтихор аст, ки дар остонаи панҷсолагии мактаб аз гӯшаву канори дунё, бо шумули Амрико, Русия, Индонезия, Ҳиндустон, Чину Эрон, Лаҳистону Туркия ва соири кишварҳо аз шогирдони худ номаҳои табрикотӣ мегирем.
Ҷои ёдоварист, ки дар ифтитоҳи бинои мактаби мо Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, дар суханронӣ таъкид доштанд: «Бо итминони комил изҳор менамоям, ки Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи толибилмони кишвар табдил меёбад. Мо аз наврасону ҷавонони имрӯза, аз ҷумла ҷавонони Бадахшон умеди калон дорем, зеро онҳо ояндаи ватан ва созандагони фардои сарзамини аҷдодии мо мебошанд. Имрӯз мову шумо ба муносибати ифтитоҳи Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаем ва ҳамаи шумо, сокинони олиҳиммату ватанпараст, падару модарони гиромиқадр ва омӯзгорону хонандагонро, ки ворисони абармардони бузурги мардуми тоҷик- устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Носири Хусрав, Айниву Турсунзода мебошед, бо ин рӯйдоди муҳим табрик менамоям».
Бинои Мактаби президентӣ маҳз бо ибтикор ва дастури Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар барои 1280 хонанда бунёд гардид. Алъон дар ин таълимгоҳ бештар аз 900 нафар талаба таҳсил мекунанд. Муасссисаи таълимӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дорад ва дар он имрӯз хонандагони болаёқат аз вилоёти Суғду Хатлон ва тобеи марказ зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Таҳсил дар муассиса бо се забон, аз ҷумла тоҷикӣ, русию англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки хонандагони мо дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва берун аз он сазовори мақоми баланд гарданд. Дар давоми ин солҳо шогирдони мактаб 7 медали тилло, 13 медали нуқра ба даст оварданд. Дар айни ҳол 15 нафар хонандаи мактаб узви вобастаи Академияи хурд ва 10 нафар узви ҳақиқии ин Академия ба шумор мераванд. Дар назди мактаб хобгоҳ барои хонандагон бунёд шудааст, ки ҳоло дар ин хобгоҳ 160 нафар зиндагӣ мекунанд. Яке аз дигар бартариҳои Мактаби президентӣ нисбат ба муассисаҳои таълимии вилоят- ин бо роҳи озмун ҷалб намудани омӯзгорони беҳтарини вилоят мебошад. Дар миёни ин омӯзгорон 15 нафар дорандаи унвони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, 30 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ ва 6 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошанд.
Мактаби мо толори васеи варзишӣ дорад ва дар ин ҷо пайваста бо ширкати хонандагони макотиби шаҳр ва қисмҳои низомии мустақар дар Хоруғ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.
Ҳоло 160 нафар хонандагон ба варзиши касбӣ дар намудҳои мухталиф ширкат мекунанд. Ду нафар аз хонандагони мо соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ аз намуди самбо ва дзюдо мебошанд.

Айниддин Сомиддинов
муовини директори мактаб оид ба тарбия
ва корҳои беруназсинфии Мактаби президентӣ

Октябрь 8, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо директори генералии Донишкадаи обуҳавошиносии Финландия мулоқот намуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар маҳаллаи «Зафар»-и шаҳри Душанбе беш аз 4 000 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағирёбанда пешгӯӣ мешавад
Намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ барои рушди фаъолияти ҳунармандон заминаи мусоид фароҳам меорад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва раъду барқ дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсия баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Пешрафти матбуоти маҳаллии шаҳри Ҳисор ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд
Имконоти рақамӣ барои тиҷорат: аз SMS то шаҳрҳои доно
Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад