Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО дар ДМТ баррасӣ мешаванд

Октябрь 17, 2016 14:41

Душанбе, 17.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25-26-уми октябри соли равон бо ибтикори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) таҳти унвони «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур мавзӯъҳои забони ВАО ҳамчун як забони миллӣ; саҳми забони ВАО дар рушду такомули забони адабии ҳозираи тоҷик; масъалаҳои забони матбуот ва воситаҳои электронии ахбор, аз ҷумла радио, телевизион ва интернет; хусусиятҳои забонии услуби публитсистӣ ва риояи меъёрҳои забони ВАО баррасӣ мегарданд.
Мақсади конфронс арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он дар воситаҳои ахбори омма мебошад.
Забони конфронс тоҷикӣ ва русӣ буда, маърӯзаҳои муҳокимагардида дар шакли маҷмӯа нашр карда мешаванд.
Дар ин бора аз факултети журналистикаи ДМТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 17, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад