Адам Мадалински: «Иттиҳоди Аврупо донори асосӣ оид ба дастгирии рушди Тоҷикистон дар самти маориф ва идоракунии молияи давлатӣ ба шумор меравад»

Октябрь 27, 2016 14:02

Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Зиёда аз шаш сол аст Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондааст»,- гуфт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дирӯз дар маросими ифтитоҳи китобхонаи илмии Донишкадаи молия ва иқтисод, ки аз тарафи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таҷдиду навсозӣ гардид.
Ашӯрбой Солеҳзода баён намуд, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар донишкада лоиҳаҳои грантӣ татбиқ мегарданд. Ба китобхона таҷҳизоти ҳозиразамон ворид карда шуда, имкониятҳои фарох барои донишҷўёну омўзгорон, аспирантон, магистрантон ва докторантон фароҳам оварда шудааст.
Дар кори китобхона тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуда, хонанда метавонад мустақилона худаш аз он истифода барад. Ҳамчунин китобхонаи электронӣ васеъ гардида, дастрасӣ ба ду сервери китобхонавии электронӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ пайдо карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона аст.
Аз тарафи ширкати Луис Бергер муддати ду сол аст, ки омўзгорон такмили ихтисос мегузаранд. Донишкада дар оянда ташкили магистратураи идоракунии молияи давлатӣ ва ташкили маркази ақлҳоро ба нақша гирифтааст.
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Адам Мадалински иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо донори асосӣ оид ба дастгирии рушди Тоҷикистон дар самти маориф ва идоракунии молияи давлатӣ ба шумор меравад.
«Ин лоиҳаи дуюми расондани кумак ба ДМИТ буда, барои таҷҳизонидани китобхона Иттиҳоди Аврупо 100 ҳазор евро ҷудо намудааст. Якҷоя бо донишкада барои мукаммалгардонии барномаи таълимӣ, коркарди идеяҳо дар мавзўи идоракунии молияи давлатӣ кор бурда истодаем»,- гуфт Адам Мадалински.
Донишкада дорои китобхонаи электронӣ буда, толори он ба 56 ҷойи нишаст мутобиқ аст. Ҳоло 36 адад компютер дар он насб гардида, ба хонандагон хизмат мерасонанд. Дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 200 ҳазор нусха адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуданд. Бо дастгирии лоиҳаи мазкур китобхонаи электронии донишкада ба китобхонаи электронии онлайн (jstor.org) ва фонди китобхонаи Khigofund.ru барои як сол дастрасӣ пайдо кард.

Октябрь 27, 2016 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад