Муаррифии фарҳангу санъати муосири тоҷик дар Ҷумҳурии Беларус

Октябрь 26, 2016 12:04

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск ҳунармандону санъаткорони тоҷик барномаи аз бозёфти фарҳанги муосири тоҷик таҳиянамудаашонро пешниҳод мекунанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин барнома дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус аз 10 то 14 ноябри соли равон муаррифӣ мегардад,
Мақсади Рӯзҳои фарҳангӣ муаррифии фарҳангу санъати муосири тоҷик ва таҳким бахшидан ба робитаҳои минбаъдаи фарҳангӣ миёни ду ҷумҳурӣ мебошад. Ба дӯсторони санъат барномаи бадеӣ-консертӣ намоиш дода мешавад. Дар доираи Рӯзҳо намоиши асарҳои санъати тасвирӣ (41 мусаввара) ба тамошо гузошта хоҳанд шуд.
Сокинон ва меҳмонони шаҳри Минск имкон доранд филмҳои бадеии киностудияи Тоҷикфилм: «Қиёми рӯз», «Оинаи беҷило» ва «Муаллим», ки соҳиби чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ гашта буданд ва филмҳои мустанади «Кӯлоб» ва «Мастчоҳ»- ро тамошо намоянд.
Дар рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии китоби пйессаҳои драматурги машҳури Беларус Алексей Дударев ба забони тоҷикӣ баргузор мегарданд.

Октябрь 26, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд