Мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Миср дар заминаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ

Октябрь 10, 2016 12:13

Душанбе, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ аз Маркази минтақавии бозомӯзӣ ва пажӯҳиши оби Вазорати захираҳои об ва обёрии Миср боздид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот бо мудири маркази мазкур Зубайда Маҳмуд таъкид гардид, ки «ҷониби Миср аз барқарор шудани ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ва омӯзишу мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва обёрӣ истиқбол мекунад ва дар ин росто, мо омодаем, ки имкониятҳои Маркази минтақавии бозомӯзӣ ва пажӯҳиши обро дар ихтиёри мутахассисони тоҷик гузорем».
Маркази минтақавии мазкур соли 1982 таъсис ёфта, вазифаааш пешниҳод намудани хадамоти бозомӯзии зарурӣ барои коршиносони мисрӣ ва хориҷӣ мебошад. Соли 2002-юм ЮНЕСКО сарпарастии Маркази минтақавиро ба уҳда гирифт ва аз он замон барномаҳои бозомӯзии он дар чаҳорчӯби барномаи гидрологии созмони байналмилалии мазкур таҳия мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки мудири маркази мазкур Зубайда Маҳмуд ва муовини ӯ Муҳаммад Ваҳба дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳадафи шашуми рушди устувор, ки дар Душанбе 9-11 августи 2016 баргузор гардида буд, Мисрро намояндагӣ карда буданд.

Октябрь 10, 2016 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд