Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруӣ
Душанбе, 21.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму ояндадори ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.
Тавре таъкид шуд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба дар ҳоли ҳозир қаноатбахш набуда фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб низ беҳбудиро талаб менамояд.
Дар мулоқот доир ба ҷалби сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва боркашонии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ташкили робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шуморида шуд.
Бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки то имрӯз иқтидор ва имконияти бузурги рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба пуррагӣ истифода нашуда, таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақозо менамоянд.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба зарурати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин таъсиси намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо анҷом дода шуд.












Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд






