Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати малайзии «Hos powertech international»

Октябрь 13, 2016 08:51

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Малайзия М. Муҳаммадӣ бо директори иҷроияи ширкати «HOS Powertech International SDN. BHD» Дато Субраманиам Ратнавелу баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷрои Шартномаи консессионии бунёди Маркази барқу гармдиҳии Шӯроб, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати малайзӣ ба имзо расидааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Метавон ёдовар шуд, ки дар доираи Шартномаи мазкур маблағгузории ҷониби малайзӣ ҷиҳати навсозӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии Шӯроб ва дигар зерсохторҳо дар ҳаҷми 400 000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Октябрь 13, 2016 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд