Натиҷаҳои бозиҳои даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон маълум гардиданд

Октябрь 17, 2016 14:28

Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ду бозии даври шонздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа- «Ҳосилот»-и Фархор ва ССКА «Помир»-и Душанбе- «Хайр»-и Ваҳдат баргузор шуданд. Бозӣ миёни футболбозони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи дастаи «Ҳосилот»-и Фархор анҷом пазируфт. Бозингарони дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ва ССКА «Помир» ба дарвозаи ҳамдигар як голӣ заданд. Ин дидор мусовӣ ба поён расид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври шонздаҳум байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Барқчӣ»-и Душанбе бинобар ширкати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн мавқуф гузошта шуд.

Октябрь 17, 2016 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид