Ошпазҳои беҳтарини Суғд маълум ва қадрдонӣ шуданд
Душанбе, 06.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 5 октябр дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали “Оши палав” баргузор шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қобили зикр аст, ки дар фестивал меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намуданд.
Дар ин рӯз дар Маҷмаа дастурхони идона ороста шуд ва беш аз 4000 нафар сокинон ва иштирокдорони зиёди фестивал ба таври ройгон аз оши палави омодакардаи ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят тановул намуданд. Оши палов ё худ палав — таоми миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, он аз қадимулайём хӯроки дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад. Имрўз дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд чанд намуди паловпазӣ маълум аст.
Барои иштирокчиён – ошпазҳои беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим шуданд. Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали “Оши палав” аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” — 5000 сомонӣ (ғолиби бахш Хайём Бобомуродов аз Панҷакент), “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ (ғолиби бахш Мирзобарот Раҳимов аз Хуҷанд), “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зикриё Холиқов аз Исфара), “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Санавбар Зоҳидова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов), “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Аюб Бурҳонов аз ноҳияи Деваштич), “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Кифоят Азимбоева аз Зафаробод), “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилшод Дадобоев аз Куҳистони Мастчоҳ), “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зарина Сатторова аз ноҳияи Спитамен), “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Қаюм Исмонов аз Конибодом), “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилноза Султонова аз шаҳри Гулистон), “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ (ғолиби бахш Рустам Худойназаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), “Табақи калонтарин ва зеботарини миллӣ” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истаравшан), “Саҳнача, намоиши фарҳангии беҳтарин” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истиқлол), “Дастони моҳир” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Мелибой Сатторов аз ноҳияи Ашт) диплому мукофотпулиҳо супорида шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар вилояти Суғд Фестивали “Оши палав” мароттибаи дуюм доир гардид. Бори аввал соли 2015 низ чунин фестивал баргузор шуда буд ва дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.









Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






