«Ҳосилот»-и Фархор ба гирифтани медалҳои нуқра наздик мешавад

Октябрь 24, 2016 11:52

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор баъди ғалабаи навбатиаш дар даври 17-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:0 ба аввалин дастоварди назарраси худ-соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи мавсими соли 2016 боз ҳам наздиктар шуд. Соҳибони майдон дар ин бозӣ 4 голи худро дар нимаи дуюм ба дарвозаи меҳмонон заданд. Наврӯз Рустамов (50), Ҳасан Рустамов (72), Комил Саидов ( 82) ва Хайрулло Азизов (87) муаллифи голҳо гардиданд. Наврӯз ва Ҳасан Рустамовҳо як сол қабл шарафи дастаи «Равшан»-ро ҳимоя мекарданд ва имсол барои барандаи медалҳо гардидани «Ҳосилот» ба ин даста кумак мерасонанд.
Дар ин давр «Хайр»-и Ваҳдат дар майдонаш тавассути голи ягонаи Парвиз Ҳомидов (66) ба дарвозаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1:0 . ғолиб омад. «Регар ТадАЗ», яке аз даъвогарони асосии медалҳои биринҷӣ дар шаҳри Турсунзода дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул карда, дар вохӯрии ниҳоят пуршиддат бо ҳисоби 3:2 дастболо гардид. КМВА «Помир» баъди бохт аз дастаи «Хуҷанд»дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» бо нишондоди 2:1 мавқеи сеюмро аз даст дод ва «Регари ТадАЗ» ба зинаи сеюм баромад.
Даври навбатӣ 30 октябр баргузор мешавад. «Регар ТадАЗ» бо КМВА «Помир», «Вахш» бо « Хуҷанд», «Равшан» бо «Хайр» ва «Барқчӣ» бо «Ҳосилот» вориди майдон мешаванд.
Ҷадвали мусобиқа баъди даври 17-ум чунин шакл гирифтааст:

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 16 12 3 1 57-18 39
2 «Ҳосилот» (Фархор) 16 10 4 2 35-13 34
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 15 8 2 5 34-19 26
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 16 7 3 6 21-14 24
5 «Хайр» (Ваҳдат) 16 6 5 5 22-23 23
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 7 1 8 19-32 22
7 «Барқчӣ» (Душанбе) 13 6 2 5 20-18 20
8 «Вахш» (Қурғонтеппа) 16 5 3 8 19-32 18
9 «Равшан» (Кӯлоб) 15 2 3 10 15-40 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 17 1 2 14 14-47 5
Октябрь 24, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид