Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон: «Умед аст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам рушд мекунанд»
Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷараёни брифинге, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов хабарнигорони ватанию хориҷиро бо суханронии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими иҷлосияи 33-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки чанде пештар дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, шинос кард.
Дар ҷараёни брифинг сафир ба саволи намояндагони ВАО дар мавриди дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон посух дод, ки «умед аст ин муносибот баъди сафари Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва вохӯрии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни он масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, ҷараёни тоза мегиранд ва боз ҳам рушд мекунанд».








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






