«Сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар ва олимону донишмандони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлат дар бораи забон» баргузор гардид.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИҶТ Сахидод Раҳматуллозода дар конфронс сухан гуфтанд. Онҳо аз мақоми арзанда ва баланди забони тоҷикӣ ёдовар шуда, иброз намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани он мебояд фаҳмид.
Аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ даҳ маърӯзаи илмӣ, аз ҷумла дар мавзӯҳои «Забони тоҷикӣ ганҷи шоёни миллати тоҷик аст», «Забони давлатӣ ва билингвизм», «Рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Забон омили ташаккул ва бақои миллат», «Сарчашмаи аввали истилоҳоти техникии забони тоҷикӣ», «Сухан бо ту нагӯям, то насанҷам», «Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар замони истиқлол», ва «Сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пас аз баррасии мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони конфронс тавсиянома қабул гардид.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






