Суғд: Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилалии занони деҳот дастгирӣ ва кумак расонидан ба занони рустоист

Октябрь 15, 2016 10:11

Хуҷанд, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори як анҷумани занон, ки соли 1995 бо ибтикори СММ доир шуд, ҳар сол 15 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии занони деҳот таҷлил мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин рӯз- дастгирӣ ва кумак расонидан ба занони деҳот ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, ки беш аз 70 дарсади аҳолиаш дар деҳот умр ба сар мебарад, нисф фисади онро занон ташкил медиҳанд. Таҷлили ин ҷашн моро бори дигар водор месозад, то ба ҳаёту фаъолияти занони деҳот таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем, зеро саҳми занони деҳот низ дар пешбурд ва рушди соҳаҳои мухталифи кишвар назаррас аст. Занони деҳот имрӯз қариб дар ҳамаи соҳаҳо- маорифу тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, ҳунаромӯзиву эҳёи анъанаҳои миллӣ фаъолияти босамар доранд. Вобаста ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Муаллимаи муҳтарам, тавре огоҳед, давоми чанд сол аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 15 октябрро ҳамчун Рӯзи байналхалқии занони деҳот таҷлил мегирад. Дар робита ба ин сана хуб мешуд оид ба нақши занони деҳоти вилоят, таъмин ва ҷалби онон ба кор ва таҳсил, иштироки онон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ маълумот медодед?

Нодира Мирзозода:  Сараввал мехостам ҳамаи занони деҳотро бо ин сана табрик намуда, баъдан илова намоям, ки нақш ва саҳми занони деҳот дар ҳамаи паҳлуҳои хоҷагии халқи вилоят басо назаррас мебошад. Имрӯз дар вилоят аз теъдоди умумии аҳолии вилоят 1 миллиону 249 нафарро занон ташкил дода, аз он 5337 нафарашон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, 536 нафар ҳамчун вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, 207 нафар номзадони илм ба ҳисоб рафта, 8498 нафарашон дар соҳаи кишоварзӣ чун роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин аз шумораи умумии соҳибкорони дорои шаҳодатнома яъне, аз 63617 нафар беш аз 30%-ро занон ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо занони деҳот мебошанд.

Бояд гӯям, ки баҳри дастгириву ба шуғли доимӣ фарогирии занон ва ҳамзамон баланд бардоштани некуаҳволии занону духтарони хонашин, хосатан бошандагони деҳот аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, дар ин раванд чандин тадбирҳо рӯи кор оварда шуданд. Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар вилоят намудҳои қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, бахиядӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, сабадбофӣ, қаннодӣ ва гулпарварӣ ба роҳ монда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Барои бо шуғл фаро гирифтани занони деҳот дар ноҳияҳо кадом марказҳо фаъолият мекунанд?

Нодира Мирзозода:  То имрӯз дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят 159 адад марказҳои таълимӣ – истеҳсолии матоъбофӣ ташкил карда шуда, дар онҳо зиёда аз 490 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ насб карда шудаанд. Дар дастгоҳҳои насбкардашуда 238 нафар ҳунармандон ба шуғл фаро гирифта шуда, 1196 нафар шогирдон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуданд. Бояд зикр намуд, ки дар марказҳои мавҷуда зиёда аз 12 намуд матоъҳо, аз қабили атлас, адрас, беқасаб, чит, карбос, шолча ва ғайраҳо бофта мешаванд.

Давоми нуҳ моҳи соли равон танҳо аз ҷониби занони ҳунарманди ноҳияи Деваштич дар 14 маркази таълимӣ-истеҳсолии амалкунанда якҷо бо шогирдон 2338 метр матои атлас ва адрас истеҳсол карда шудааст. Дар умум то ин дам дар вилоят аз ҷониби ҳунармандон ва шогирдони марказҳои мавҷуда зиёда аз 24000 метр атласу адрас истеҳсол карда шуда, аз ин миқдор 1162 метр атласу адрас ба фурӯш бароварда шудааст.

Бояд гуфт, ки маҳз ташкили чунин марказҳо аз як ҷониб ба коҳиши раванди муҳоҷирати меҳнатии занон низ таъсир расонд. Дар муқоисаи рақамҳо бо тафовут бо нуҳмоҳаи соли гузашта, соли равон ин шумора 2757 нафар кам мебошад.

Ҳамзамон баҳри ҳавасмандкунии занони фаъолу ҳунарманди вилоят, бахусус занҳои деҳот, соли равон 19 нафар ба гирифтани гранти президентӣ ва 30 нафар ба гранти раиси вилоят мушарраф гардиданд. Фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил дар вилоят 97%-ро ташкил дода, шумораи умумии донишҷӯдухтарон беш аз 30 ҳазорро дар бар мегирад. Занони ҳунарманди деҳот ҳамчунин иштирокчии фаъоли чорабиниҳои вилоятиву ҷумҳурӣ, аз қабили намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ мебошанд. Мисоли ин, иштироки 400 нафар занони хонанишин ва 100 нафар ҷавондухтарон дар намоиши вилоятии либоси миллӣ  аст.

Ҳамчунин дар даҳаи сеюми моҳи октябр дар Кохи навбунёди фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд баргузории Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2016» ба нақша гирифта шуда, дар қатори дигар бонувону тарроҳон иштироки занони фаъолу ҳунарманди ноҳияҳои вилоят, хосатан деҳот дар назар аст.

Таҳияи Абдуаҳад Шарифзода, АМИТ «Ховар»,  Суғд

Октябрь 15, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад