Валентина Матвиенко имрӯз бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Октябрь 12, 2016 15:25

Душанбе, 12.10.2016/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Валентина Матвиенко- Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Интизор меравад, ки Валентина Матвиенко дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон- Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки фардо дар Душанбе доир мегардад, иштирок намояд.
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе гулчамбар мегузорад.
Ҳамзамон Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили муҳими ҳамкории мутақобилан судманд, бахусус тавсеаи равобити байнипарлумони Тоҷикистону Русияро баррасӣ менамоянд.
Ҳайати парлумонии Русия таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко ҳамзамон аз мавзеъҳои зебоманзари Душанбе, ба мисли Боғи «Ирам» ва Маҷмааи «Кохи Наврӯз» боздид менамояд.
Интизор меравад, ки зимни сафари расмии Валентина Матвиенко дар Душанбе вохӯрии ҳайати парлумонии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва раисони вилояту шаҳру навоҳии Тоҷикистон доир гардад.

Октябрь 12, 2016 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд