«Вазир ҳар бор бидуни огоҳӣ ба аёдати тарбиятгирандагон меояд»

Октябрь 24, 2016 16:25

Душанбе, 24.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Аз 410 нафар кӯдаконе, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус, воқеъ дар маҳаллаи Хирманаки шаҳри Ҳисор тарбия мегиранд, 179 нафар мубталои  бемории  полиомиелит ё худ фалаҷ мебошанд». Ин матлабро Наргис Муқимова, директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии  низомаш махсуси тобеи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди полиомиелит, ки ба санаи  24 октябр рост меояд, иброз дошт.
Мавсуф афзуд, ки  таълим, тарбия ва табобат дар мактаб-интернати мазкур дар се равия- равияи кӯдакони полиомиелит, ноқисулақл ва полиомиелит бо  заифии нуқсони ақлӣ ба роҳ монда шуда, ба тарбиятгирандагон  беш аз 30 нафар омӯзгорону  мутахассисон таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин шаш нафар кормандони бахши тиббӣ ба табобати тарбиятгирандагон фаро гирифта шудаанд.
Наргис Муқимова афзуд, ки синни тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус аз 7 то 16-сола буда, онҳо аз тамоми минтақаҳои  ҷумҳурианд. Баъди хатми мактаб-интернат  тарбиятгирандагон  барои идомаи таҳсил ба литсеи махсуси шаҳри Душанбе  фиристонида мешаванд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  таълиму тарбия ва табобати тарбиятгирандагон тамоми шароитро фароҳам овардааст»,- таъкид намуд директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бинои  мактаб-интернат аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо мизу курсӣ, рахти хоб,  ашёи хониш ва дигар маводи таълимӣ ҷиҳозонида шудааст. Инчунин дар як сол ду маротиба тарбиятгирандагони мактаб-интернат  ба беморхонаҳои физиотерапии шаҳрҳои Хуҷанд ва Ваҳдат барои табобат фиристонида мешаванд. Ҳамзамон бо Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернатро ба уҳда дошта, дар рӯзҳои ид ба тарбиятгирандагон  кумак мерасонад. Ҳамзамон чунин кумакҳои  моддӣ аз ҷониби дивизияи 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  дар рӯзҳои ид  ба тарбиятгирандагон ироа мегарданд. Наргис Муқимова афзуд, ки аксарияти тарбиятгирандагон  аз оилаҳои нопурраанд, яъне падару модарашон аз ҳам ҷудо гардидаанд, ё мубталои беморианд. Барои ҳамин кам волидайне ёфт мешаванд, ки ба аёдати фарзандонашон-тарбиятгирандагон оянд.  Дар аксар маврид Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид бидуни огоҳӣ ба аёдати тарбиятгирандагон омада, бо вазъи таълиму  тарбия ва табобати бачаҳо  шинос мегардад. Мактаб-интернати мазкур яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ буда,  соли  1957 махсус барои таълиму тарбия ва табобати бачаҳои мубталои  бемории полиомиелит таъсис дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола  24 октябр дар саросари дунё Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории полиомиелит ё худ фалаҷ қайд карда мешавад. Ин сана бо иқдоми созмони байналмилалии  ҷамъиятии «Ротари Интернешнл» ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии полиомиелит (World Polio Day)  эълон гардида, ҳадафаш ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иртибот ба бемории полиомиелит ва  оқибатҳои он, инчунин зарурати гузаронидани чорабиниҳои муосири профилактикӣ мебошад.
24 октябр интихоб гардидани Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории полиомиелит ба зодрӯзи Ҷонас  Эдвард Солк — эпидемиолог ва вирусологи  амрикоӣ рост меояд. Ин табиби амрикоӣ солҳои 1952-1955  ваксинаи ғайрифаъоли    IPV-ро бар зидди бемории полиомиелит ихтироъ намуда буд. Мутахассисони соҳаи тиб яке аз омилҳои асосии  пайдоиши бемории полиомиелитро дар кӯдакон ба бемориҳои ирсӣ, модарзодӣ ва никоҳи хешу таборӣ иртибот медиҳанд.

Октябрь 24, 2016 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад