Забони давлатӣ — рукни асосии ҳастии миллат!
Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар ҳозиринро бо Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт: «Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо мақоми забони давлатиро касб намуд.
Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад. Таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрўзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем».
Инчунин дар ҷамъомад оид ба татбиқи қонуни забон намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зертобеи вазорат андешаҳои худро баён намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






