Ғалабаи шоёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Туркманистон. Ҳисоб 3:0

Ноябрь 10, 2016 09:46

Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шоми дирӯз бар дастаи мунтахаби Туркманистон яке аз ғалабаҳои намоёни худро таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов бо натиҷаи 3:0 ба даст овард. Ин вохӯрии рафиқонае буд, ки ҳар ду даста ҳайатҳои худро барои бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё имтиҳон карданд ва омодагиро то моҳи марти соли оянда идома медиҳанд. Се голро ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, нишонзани беҳтарини мавсимҳои соли 2015 ва 2016-и Лигаи олии Чемпионати мамлакат Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд.
Ҳисоб дар вохӯрӣ дар дақиқаи 35-ум, баъд аз он ки Парвизҷон Умарбоев аз канори чапи майдон тӯбро ба назди дарвозаи дастаи мунтахаби Туркманистон равон кард, кушода шуд. Манучеҳр Ҷалилов бо як ҷасти зебо бо зарбаи сар тӯбро ба дарвозаи Маммет Оразмуҳаммедов равон кард. Баъди чор дақиқаи голи аввал ҳаммуаллифи голи дуввуми Манучеҳр муҳофизатгари дастаи «Дунав»-и Булғория Искандар Ҷалилов гардид. Ин навбат аз канори рости майдон бо партофти олияш Искандар Манучеҳрро дар назди дарвоза пайдо кард ва тӯби дуввум вориди дарвозаи меҳмонон гардид. Голи сеюм ба маҳорати фардии Манучеҳр Ҷалилов робита дорад. Ӯ муҳофизатгаронро дар назди дарвоза фирефта, голи сеюмашро ба самар расонд ва хетт-трик намуд.
Мутаассифона, корти дуюми зарде, ки Ҷаҳонгир Эргашев дар поёни бозӣ дар ҳолати на он қадар мушкил сазовор шуд, ба корти сурх табдил ёфт ва ин бозингар дар вохӯрии навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон 13-уми ноябр иштирок намекунад.
Бо ҳамин тартиб, дар ҳашт вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон ҳисоби ғалабаҳо баробар шуд. Акнун Тоҷикистон ва Туркманистон се маротибагӣ ҳамдигарро мағлуб карда, ду маротиба бозиро мусовӣ анҷом додаанд.

Бозии рафиқона
ТОҶИКИСТОН — Туркманистон 3:0

Муаллифи голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 35 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 60 (3:0).

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов (Эраҷ Раҷабов, 88), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 89), Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 63), Нозим Бобоҷонов (Ҷаҳонгир Алиев, 76), Парвизҷон Умарбоев (Муҳсинҷон Парпиев, 83), Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Бахтиёр Чориев, 69).

Туркманистон: Маммет Оразмухаммедов (Батир Гелдиев, 46), Бегли Мередов (Сердаралӣ Атаев, 84), Шохрат Суюнов, Мекан Сапаров, Арсланмурат Аманов, Бахтияр Хоҷаахмедов, Сулейман Мухадов (Вахит Оразсахедов, 66), Сердар Аннаоразов, Артур Геворкян, Иля Тамуркин, Элман Тагаев (Гуванч Абилов, 66).

Огоҳӣ: Ҷаҳонгир Алиев (Тоҷикистон), Элман Тагаев, Арсланмурат Аманов (Туркманистон).

Аз майдон ронда шуд: Ҷаҳонгир Эргашев (Тоҷикистон), 90+4 корти зарди 2-юм.

Довар дар майдон: Денис Измайлов (Қазоқистон).

Ёварони сардовар: Санҷар Искаков, Самат Тергеусизов (Қазоқистон).

Довари эҳтиётӣ: Александр Алиев (Қазоқистон).

Комиссари вохӯрӣ: Азизҷон Достиев (Тоҷикистон).

Ёдовар мешавем, ки 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистонро 11 000 нафар тамошобин тамошо карданд.

Ноябрь 10, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои машқҳои дастҷамъӣ ба Туркия рафт
Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолияташро дар дастаи дигари Суперлигаи Узбекистон давом медиҳад
«ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА-2025». Дар Душанбе мусобиқа ба поси хотири Фарҳод Ҷабборов ба охир расид
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
Қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
Дастаи футболбозони шаҳри Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси вилоят гардид
Соли 2025 паҳлавонони тоҷик дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо иштирок мекунанд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футзал дар чемпионати CAFA-2025 иштирок мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия ҷамъомади таълимӣ мегузаронад
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 7 март оғоз меёбад