Азим Иброҳим: «Омодагии баъзе соҳаҳо дар вилояти Суғд нигаронкунанда аст»
Душанбе, 20.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба омодагиҳои вилоят ба зимистонгузаронии солҳои 2016-2017 баргузор гардид.
Муовини Сарвазир аз масъулини вилоят, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, муовинони масъули зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал овард.
Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии вилоят ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 70% иҷро гардидааст, аммо соҳаҳои тандурустию маориф тавонистанд бо назардошти 1296 тонна бақияи ангишт аз соли қаблӣ ва нисбатан арзон харидорӣ кардан, захираи лозимии 13562 тонна ангишту 8291 м3 ҳезумро таъмин созанд. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ зиёда аз 400 муассисаҳои таълимии вилоят ба хатти барқи озод пайваст гардидаанд, ки ин имкон медиҳад захираҳои ангишту ҳезум самараноктар истифода гарданд. Муовини Сарвазир аз сардори Раёсати маорифи вилоят талаб намуд, ки шумораи дақиқи синфхонаҳои бо ангишт гармшавандаро муайян намуда, аз рўи меъёри 8/кг рўз, барои як синф талаботи соҳаи маорифи вилоятро дуруст ҳисоб ва пешниҳод намояд, чунки нақшаи талабот шубҳанок менамояд.
Новобаста аз ин дастовардҳо муовини Сарвазир ба Вазорати молия супориш дод, ки масъалаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию низомӣ, чуноне, ки соли гузашта таъкид карда будем, бояд аз аввали семоҳаи сеюм ба роҳ монда шавад, чунки дар қиёс ба солҳои қаблӣ ду соли охир гуё, ки мо асосан бо зимистон рў ба рў нагардидаем.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида нишондиҳандаҳо вобаста ба таъмини қисмҳои ҳарбӣ ва омодагиҳои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоятӣ қаноаткунанда мебошанд.
Муовини Сарвазир аз омодагиҳои соҳаи хоҷагии манзилии коммуналӣ, шабакаҳои барқии вилоят, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва кишоварзӣ (захираи хўроки ширадор), изҳори нигаронӣ кард, чунки маҳз ба ин соҳаҳо масъулияти бештари зимистонгузаронии вилоят вобастагӣ дорад.
Инчунин ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориши қатъӣ дода шуд, ки масъалаи бе лоиҳа истихроҷи ангиштро хотима диҳанд, чунки ин омил метавонад оқибатҳои ислоҳнашавандаро ба бор орад. «Мо масъул мебошем, ки ҳаҷми истихроҷи ангишти пешгўишавандаро дар доираи лоиҳа ва ҳисобу китоби дақиқ нақшабандӣ кунем ва наметавонем нисбати зиёда аз 210 корхонаи саноатии кишвар, ки фаъолияташонро бо ангишт ба роҳ мондааанд, бетафовут бошем», — тазаккур дод муовини Сарвазир.
Дар интиҳо муовини Сарвазир ҷиҳати саривақт таъмин намудани иҷрои Нақшаи чорабиниҳои зимистонгузаронӣ ба вазорату идораҳо ва сохторҳои вилоятӣ дастуру супоришҳои дахлдор дод.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






