Дар Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад

Ноябрь 4, 2016 16:50

Душанбе,04.11.2016/АМИТ «Ховар»/. 8 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Дар ин бора Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо расонд.
Аз Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.
Инчунин дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ баррасии масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини кишвар дар назар дошта шудааст.

Ноябрь 4, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад