Дар ноҳияи Сангвор барои андозсупорандагон семинари омӯзишӣ доир гардид
Сангвор, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Сангвор бо иштироки мутахассисони нозироти андози ноҳия ва соҳибкорону сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин тартиби аз қайд гузаштани хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳисобкунӣ ва пардохти андози ягона ва андози иҷтимоӣ мувофиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор шуд.
Тавре аз нозироти андози ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, «мақсади семинар аз баланд бардоштани донишҳои андозсупорандагон ва сари вақт супоридани андозҳои иҷтимоӣ ва ягона мувофиқи Кодекси андоз иборат буд».
«Натиҷаи кори дурусти масъулини нозироти андози ноҳия мебошад, ки дар даҳ моҳи соли равон нақшаи андози ноҳия 103 фоиз иҷро гардид»,-хабар медиҳад манбаъ.