Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё мубориза мебарад
Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон соли оянда дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 бори нахуст расман ширкат меварзад. Ин бозиҳо аз 3-юм то 12 апрел гузаронида мешаванд.
Дар қатори дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ветнам, Урдун, Мянма, Тайбейи Чин, Ӯзбекистон, Филиппин, Гонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби Урдун новобаста ба натиҷаҳои бозиҳои интихобӣ, ҳамчун мизбони Чемпионати Осиё -2018 дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат меварзад.
Қуръакашии бозиҳо 20-уми январ дар пойтахти Урдун-шаҳри Уммон гузаронида мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ се гурӯҳ аз 5 даста ва як гурӯҳ аз 6 даста таркиб меёбанд. Аз ҳар гурӯҳ дастаи ғолиб ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Бозиҳои интихобӣ дар кишварҳои Ветнам, Фаластин ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея гузаронида мешаванд.
Ба ғайр аз мизбони мусобиқот-дастаи мунтахаби Урдун ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 се дастаи муқтадири кишварҳои Осиё- Япония, Австралия ва Чин, ки дар Чемпионати Осиё дар соли 2014 се зинаи аввалро ишғол кардаанд, мустақиман роҳхат ба даст овардаанд.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






