Фаъолияти соҳибкорӣ- омили рушди иқтисоди мамлакат

Ноябрь 25, 2016 15:35

Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат бахши хусусии соҳибкорӣ нақши созгор дорад.
Бино ба гуфтаи Насимҷон Ойев, муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба корҳои таълимӣ, танзими ин раванд аз ҳар ҷиҳат ба хусусигардонии моликияти давлатӣ вобастагӣ дорад, зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозорӣ гузаштан ғайриимкон мебошад.
«Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ, ки Тоҷикистон онро сипарӣ намуд, ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» имконият фароҳам сохт, то ки беш аз 12279 иншоот ва корхонаи хурду калон хусусӣ гардонида шаванд. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» дар кори рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ бахшиданд»,-илова намуд мусоҳиб.
Дар баробари ин шурӯъ аз соли 2007 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, он ҷиҳати таҳкими раванди беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Ҳадафи таъсиси Шӯро мусоидат дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба такмили муҳити соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии давлатии он, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар буд.
Маҳз роҳандозии чораҳои мушаххас, аз қабили қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бунёди заминаи мусоид дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиётро дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуд ва он дар соли 2015 -ум 67 дарсадро ташкил дод. Агар дар соли 1995 даромади корхонаҳои хурд аз фурӯши маҳсулот 1 млн. сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2015- 6170,9 млн. сомониро дар бар мегирад.
«Имрӯз бо мақсади рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва баррасии мунтазами масъалаҳои соҳа дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд. Ҳоло ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 67%-ро ташкил дода, бахши хусусӣ зиёда аз 64,5%-и шуғли аҳолиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд»,-иброз намуд муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба корҳои таълимӣ Н. Ойев.

Ноябрь 25, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад