Хайрулло Раҳимов: «Парчами миллӣ фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад»

Ноябрь 24, 2016 16:46

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми сарбаланди Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро он дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Парчами давлатӣ ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад, ки ин фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад. Қомат афрохтани баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчам -Парчами миллии мо дар маркази кишвар аз эҳтироми хосаи шаҳрвандони кишвар нисбат ба ин рамзи муҳими давлатдорӣ башорат медиҳад», — иброз намуд Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов имрӯз зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон.
Зикр шуд, ки кормандони «Тоҷик Эйр» ба ин рамзи муқаддаси миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосса дошта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ тамоми шароит ва имкониятҳои заруриро барои парвозҳои бехатари шаҳрвандон фароҳам меоваранд ва дар пешрафту нумӯи кишвар нақши муассири худро мегузоранд.

Ноябрь 24, 2016 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд