Ноҳияи Рашт барои давраи зимистон пурра омода аст

Ноябрь 19, 2016 09:39

raisi-no-iyai-rasht-anoatsho-loi-zodaДушанбе, 19.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 2017» як зумра корҳоро ба анҷом расонид.
Тавре раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия барои омода намудани соҳаҳои буҷетӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ҳаҷми 1 млн. 298 ҳазор сомонӣ барои хариди маводи сӯхт пешбинӣ карда шуда, барои соҳаҳои маориф 1 млн. 45 ҳазору 466 сомонӣ, тандурустӣ 172 ҳазору 385 сомонӣ, фарҳанг 34 ҳазору 798 сомонӣ ва барои мақомоти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 36 ҳазору 390 сомонӣ маблағгузорӣ гардидаанд».
Ба иттилои Қаноатшо Лоиқзода, дар ин давра ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1172 тонна ангишт ва 930 м3 ҳезум, тандурустӣ 226 тонна ангишт ва 114 м3 ҳезум, фарҳанг 56 тонна ангишт ва 45 м3 ҳезум дастрас карда шуд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Оид ба захира намудани пиёзу картошка, меваю сабзавот ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016- 2017 раиси ноҳияи Рашт зикр намуд: «То 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия тибқи ҳисоботи оморӣ истеҳсоли ғалладона 5146 тонна, картошка 23164 тонна, сабзавот 15954 тонна ва мева ба 1482 тонна расонида шудааст. Захираи хӯроки чорво 63371 тонна буда, инчунин дар Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рашт 50 тонна картошка, 20 тонна пиёз ва 5 тонна ғаладона захира карда шудааст, ки 105 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад».
Мутобиқи нақша Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия барои сари вақт ва бемамониат таъмин намудани аҳолӣ бо ангиштсанг дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ба миқдори 300 тонна ангиштсанг харид ва захира намудааст.

Ноябрь 19, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!