Осорхонаи ВКД-бозгӯкунандаи таърихи дирӯзу имрӯзи милитсияи тоҷик
Омўхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихи наслҳои оянда хизмат мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Огаҳ будан аз таърихи милитсияи тоҷик, корнамоии мардони шуҷоъ ва фаъолияти шабонарӯзиву дастовардҳои тӯли солҳо ба даст овардаи онҳо барои ҳар шахси ватандўсту хештаншинос басо муҳиму ибратбахш аст, зеро бе донистани гузаштаи худ наметавон дар мавриди имрӯзи хеш сухан бигӯем ва қарор қабул намоем.
Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар осорхонаҳои соҳавии кишвар таърихи бою рангин, ташаккули таърихии милитсияи тоҷик ва дастовардҳои арзишманди мақомотро ҳифзу нигаҳдорӣ менамояд. Осорхона чун бозгўкунандаи таърихи милитсияи тоҷик 6-уми феврали соли 2005 таъсис дода шуда, дар он таҷҳизот, силоҳу воситаҳои муҳофизатӣ, либос, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар осори қадимӣ, ки дар замонҳои гуногун ҳомиёни назму тартибот истифода мебурданд, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар осорхонаи мазкур ҳатто баъзе милтиқу лавозимот таърихи зиёда аз 100-сола доранд.
Тибқи маълумоти ин осорхона, милитсияи тоҷик ҳанӯз 10 ноябри соли 1918 дар ноҳияи Конибодом бо ташаббуси Комил Ёрматов таъсис ёфта, аввалин Вазири корҳои дохилӣ ва ё ба истилоҳ Вазири НКВД (Комиссари Халқии Корҳои Дохилӣ) Абдулло Ёрмуҳаммадов буд. Аввалин милитсионерзани тоҷик Улуғбибӣ Саидова соли 1926 ба ҳайати НКВД аз ноҳияи Конибодом дохил шуда, дар мубориза бар зидди унсурҳои ҷиноятии он замон фаъолона ширкат варзидааст.
Дар осорхона ҳуҷҷатҳое ҷой дода шудаанд, ки таъсиси милитсияи Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Дар яке аз ин ҳуҷҷатҳо зикр гардидааст, ки «дар натиҷаи тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна октябри соли 1924 ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфта, 26 ноябри ҳамон сол дар Тошканд аввалин Ҳукумати Тоҷикистони Шўравӣ таъсис дода шуд. Дар асоси қарори Комитети инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7-уми декабри соли 1924 дар Тошканд Комиссариати халқии корҳои дохилӣ ташкил ёфта, 14 декабр Абдулло Ёрмуҳаммадов комиссари халқии корҳои дохилӣ таъйин гардид. Ҳамчунин бо Фармони №1-и КХКД ҶМШС Тоҷикистон Франс Яковлевич Ижевский сардори милитсияи ҷумҳурӣ таъйин гардид. 5-уми феврали соли 1925, 18 нафар корманди КХКД-и ҷумҳурӣ ба Душанбе омаданд. Ҳайати пурраи кормандони комиссариат 33 нафарро ташкил мекард, ки 12 нафарашон кормандони масъул, 3 нафар мутахассис ва 18 нафари дигар кормандони техникиву хоҷагӣ буданд».
Набояд фаромӯш сохт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Бо донистани гузаштаи худ метавон ояндаи дурахшони хешро таъмин сохт ва баҳри пешбурди он камари ҳиммат баст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад






